Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме афзӯданд: Ашроре, ки ҷиноятӣи рубоиши Мавлавӣ Абдураҳмон Регӣ (р) ва ба шаҳодат расидани ин олими хайрхоҳ ва шуҷоъро муртакиб шуданд, муздурон русиёҳанд, ки дар хидмати душманон саъодати ҳаммеҳанони Балуч ва иттиҳоди ақвоми эронӣ қарор гирифтаанд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Вазифаи дастгноҳои масъул таъқиб ва муҷозоти чинояткорон аст ва бояд бо суръат ва ҷидият анҷом шавад. Мавлавӣ Абдураҳмони Регӣ имом ҷӯмъаи аҳли суннати масиҷиди Имом Ҳусайн (а) шаҳристони Хош, устони Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқӣ Эрон, ки дар ростои сулҳ ва созиш ва даъвати мардум ба оромиш нақши муассир доштааст, панҷшанбе ҳаштуми декабр аз сӯйи афроди ношинос ба шаҳодат расид.
Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи ҳодисаи ногувори рубоиш ва шаҳодати Мавлавӣ Абдулвоҳиди Регӣ
14 Декабр 2022 - 21:27
News ID: 1330892
Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози таъсуф ва таъсир аз ҳодисаи ногувори рубоиш ва шаҳодати Мавлавӣ Абдураҳмони Регӣ бар таъқиб ва муҷозоти сареъ ва ҷиддии ҷинояткорон аз сӯи дастгоҳҳои масъул таъкид кард.